10 ҚАДАМИ АВВАЛИ ИНҚИЛОБ
1. Биноҳои баландтарин аз гузоштани як хишт сар мешаванд. Хишти худро гузоред, то ҚАСРИ МИЛЛИИ ИНҚИЛОБРО бисозем
2. Тарсро дар худ куштан ва ба Худои худ таваккал кардан.
3. Аз шиори «аз дасти ман чӣ меояд?» даст кашидан.
4. Омӯхтани «НЕ» гуфтан. Барои обунаи маҷбурӣ, барои пора, барои баёния додан ба рағми мухолифон, барои хабаркашӣ, барои ҳамкорӣ бо полису амниятиҳо.
5. Ҳар ҷиноят ва ҳамоқатеро мебинед, бо телефон сабт кунед ва ба мухолифоне, ки итминон доред, бифиристед.
6. Ҳар қадами маъмурон ва масъулони давлатиро контрол кунед. Номаш, адресаш, рафтору кирдорашро.
7. Аз хидмати ширкатҳое, ки ба хонаводаи Эмомалӣ Раҳмон дахл дорад, даст кашед! (Рӯйихаташро рӯзҳои наздик нашр менамоем!)
8. Гурӯҳҳои ду-се нафара созед ва дар байни хешовандон ва ҳамсояҳо аз ҷиноятҳои режим бигӯед. Аз дӯст ба дӯст, аз хеш ба хеш, аз ҳамсоя ба ҳамсоя
9. Бо намояндагони мақомот ҳамкорӣ накунед.
10. Рӯихати хабаркашон ва «бузҳо»-ро расонаӣ кунед. Онҳоро ба маъракаю маросимҳо даъват накунед, радди маърака эълон кунед.
Д.А.
Контактный номер для связи: +49 178 2069875 WhatsApp | Telegram | Signal
#ахбор #зимистон #ИНҚИЛОБ
Негізгі бет 10 ҚАДАМИ АВВАЛИ ИНҚИЛОБ
Пікірлер: 195