РУБОИЁТ
Файзу фараҳи бому дарам меояд,
Нерўи дилу тоҷи сарам меояд.
Эй шаҳри азим, сар ба афлок бикаш,
Аз кўҳи баланд модарам меояд.
*
Он рўз, ки дар канори модар бошам,
Хушбахту сарафрозу музаффар бошам.
Он лаҳза, ки дар барам набошад модар,
Бо хоки сиёҳи раҳ баробар бошам.
*
Модар, модар, баҳори фарзанд астӣ,
Шодии дилу мадори фарзанд астӣ.
Азбаски ҳамеша дурам аз дидорат,
Як умр дар интизори фарзанд астӣ.
Кӯҳзод Фатҳулло
Негізгі бет ШАҲЗОДИ ДАВРОН "АЗ КӮҲИ БАЛАНД МОДАРАМ МЕОЯД" ШЕЪРИ КӮҲЗОД
Пікірлер: 6