Ҳабибулло Абдураззоқов 7 ноябри 1937 дар шаҳри Кӯлоб таваллуд шудааст.
Пас аз хатми мактаби миёна ба Донишкадаи аграрии Тоҷикистон дохил мешавад. Баъдан таҳсилро дар Институти давлатии санъати театрии ба номи А .В. Луначарскийи шаҳри Москва идома медиҳад. Соли 1960 факултаи актёрӣ ва соли 1964 курсҳои олии коргардониро хатм намудааст.
Солҳои 1960-1961 ҳамчун ҳунарпеша дар Театри ҷумҳуриявии мазҳакаю мусиқии ба номи А. С. Пушкини шаҳри Хуҷанд фаъолият намудааст. Солҳои 1961-1969 ҳунарпеша ва коргардони Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ, солҳои 1969-1971 саркоргардони Театри ҷумҳуриявии мазҳакаю мусиқии ба номи А. С. Пушкин ва солҳои 1971-1972 саркоргардони Театри давлатии ҷавонон ба номи М. Воҳидов буд. Солҳои 1973-1975 ҳамчун ҳунарпеша ва коргардони киностудияи «Тоҷикфилм», солҳои 1975-2002 ҳунарпешаи Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ фаъолият намудааст. Аз соли 2002 муассис ва роҳбари бадеии аввалин театри ғайридавлатии «Падида».
Солҳои 1987-1990 раиси Иттифоқи арбобони театри Тоҷикистон ва ҳамзамон солҳои 1987-1991 муовини аввали Иттиҳодияи ходимони театрии ИҶШС буд.
Соли 1987 бо унвони Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон қадрдонӣ гардидааст.
Бо орденҳои Дӯстии халқҳо (1980), Дӯстӣ (1998), «Шараф» (2012), медали Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии ҶТ ва Ифтихорномаи фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон сарфароз гардидааст.
Аз соли 1971 узви Иттифоқи киноматографистони Тоҷикистон аст.
Music by: Joachimheinrich_words
Подписаться: / asiaplustj
Наш веб-сайт: news.tj
Facebook: / newstj
Одноклассники: ok.ru/asiaplus
Telegram: t.me/asiaplus
Негізгі бет Ҳабибулло Абдураззоқов: Ҳунарманди асил бояд мавқеи худро дошта бошад!
Пікірлер: 4