Афзалшо Шодиев 2021
Ҳар замон аз зиндагонӣ бишнавам панди дигар,
Ки дарахти умр дорад решапайванди дигар.
Гар хирадманде пушаймон рафт аз рӯи замин,
Боз дар рӯи замин рӯяд хирадманди дигар.
Халқ бе фарзанди оламгир оламгир нест,
Боз ёбад модари тоҷик фарзанди дигар.
Баски коми тоҷиконро бо сухан бардоштанд,
Боз ояд шоиру шеъру пасованди дигар.
Дар замоне, ки замину осмон ҳам бехудост,
Дар сухан бояд паямбар ё худованди дигар. / hisorishodmon
Негізгі бет Афзалшо Шодиев / Afzalsho Shodiev | افضلشو شدیوف - Боз ёбад модари тоҷик фарзанди дигар
Пікірлер: 12