Агар хаёт бевафои намекард 1-ми апрел Каромат Шарифоҷ ин марди шучоъ, инсони комилаи начиб, ходими чамъияти, рохбари точикони Россия, химоятгар, раиси Харакати чамъиятии умумироссиягии “Мухочирати мехнатии точик”, Президенти федератсияи мухочирони ИДМ (СНГ), Президенти ташкилоти байналхалкии чамъиятии “Лигаи халкии точикон”, Косиди сулх ба санни 58 медаромад. Афсус, сад афсус, ки у субхи 9 май ногахон дар санни 57 аз олам гузашт.
Як руз кабл аз марг ба хонаи бародараш вокеъ дар шахри Вахдат (ду соли хорич шудан аз Россия инчо зиндаги мекард) махсулоти гизои оварда буд, ки аз равгану биринчу макарону марчумак, хамчунин канду канфит иборат буд. Гизохоро бояд ба 600 нафар камбизоатон бо дасти худ таксим мекард. Махсулоти хуроквориро ба маблаги аз китъаи замини дар Россия доштааш, ки онро махз барои ёрии инсонгарой фурухта буд, ба даст оварда буд.Ин саховати уро баъди маргаш наздиконаш ба камбизоатони чанд нохия, аз чумла Душанбе, Хучанду, Исфараву, Хисору, Хоруг расонданд.
Даргузашти ин марди бузург дили хешу акраборо реш кард. Хазорон хазорон мухочирони мехнати тавассути расонахои ичтимои афсусу вовайло гуфтанд.
Каромат Шарифов аз зодгохаш, имруза дехаи Чилчашмаи нохияи Файзобод, дуюмин шахсе буд, ки Донишкадаи харби дохил шуда, баъди хатм дар давраи фаъолият то ба даарчаи полковники расид.
Ин шахсисти дар сиёсат обутобёфта дар олами бегона чамъияте созмон дод, ке беш аз 500 хазор аъзо дошт. Максади ташкил кардани ин чамъият пеш аз хама хифзу химояи мухочирони мехнатии точик буд.
У бехукукии хамватанони худро дар диёри бегона бо чашми худ дида, чунин икдомро пеш гирифт. Чаро нагуем, ки Каромат Шарифов аз чумлаи бехтарин шахсиятхои Точикистон буд, ки гами халкро болотар аз гами худ медонистанд. Вокеан, инсони дилсузи миллат буд. Нашрияе, ки дар Москва тахти унвони “Овози точикистонихо” - “Голос Таджикистанцев” таъсис дод, бо теъдоди 50 хазор нусха дар хачми 12 сахифа чоп мешуд, махз хамин чизро таргиб менамуд, дилсузона менавишт, муаллифи аксари маводхо худи Каромат Шарифов буд. Такдири талхи хазорон хаммалатонаш, ки дар мухочират зери фишори тахкир карор доштанд, Каромат Шарифовро сахт ба рикъат меовард. Дар ин бора борхои аз минбари баланди шабакахои телевизионии Россия баромад мекард, бо онхое “даст ба гиребон” мешуд, ки бар гарази миллати точки дахон яла мекарданд.
Айни замон дар Точикистони гулбасар Бахору Навруз фаро расида, буи хуши табиат фаровон ба машом мерасад. Дар талу теппахои зодгохи Каромат- дехаи Чилчашмаи Файзобод гулу сабза дамидааст. Болои хоки Каромат хам сабзпуш. Вале у зери хок асту аз буйи гулу гиёх тахрум.
Каромат Шарифов хар дафъаи ба зодгох омадан аз табиати зебои зодгохаш хузуру халоват медид. У ба лаби чашмаи сероби канори масчид, ки дар поёни хавлиашон чойгир аст, фуромада чанд каф об менушид... чанд кафи дигар ба ру мезад. Дили Каромат чун оби хамин чашма софу бегубор буд...
Каромат Шарифов, чонфидои миллат, ба китоби бузургхачм меарзад.
Негізгі бет Агар хаёт бевафои намекард 1-ми апрел Каромат Шарифов ин марди шучоъ ба синни 58 медаромад
Пікірлер: 499