25 май дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол фестивал баргузор мегардад. Бо ин мақсад барои дар сатҳи баланд баргузор намудани фестивал ҷаласаи кумитаи тадорукот баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.
Дар ҷаласа муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе қабули пешниҳоди Раиси Конфедератсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалиро аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ба ҳозирин табрик гуфта, иброз дошт, ки барои хотирмон баргузор намудани Рӯзи ҷаҳонии футбол бояд тамоми маҳорату малакаро истифода намуд, то ин чорабинӣ дар сатҳи хеле олӣ гузарад.
Ёдовар мешавем, ки 7 май Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаро дар бораи эълон намудани Рӯзи ҷаҳонии футбол, ки аз ҷониби Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ пешниҳод гардида буд, қабул намуд.
ПОДПИСЫВАЕМСЯ НА КАНАЛ:
Не забываем подписаться на канал,
а если понравилось - поставить Лайк
Негізгі бет Ахбори Точикистон Имруз - 14.05.2024 | novosti tajikistana
Пікірлер: 6