Варзишгари Тоҷикистон Сомон Маҳмадбеков дар вазни -81 кг медали биринҷии Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо 2024-ро ба даст овард, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Ёдовар мешавем, ки Сомон Маҳмадбеков варзишгарон аз Фаронса, Нидерланд, Миср ва Гурҷистонро мағлуб намуд. Дар марҳилаи баъдӣ Сомон Маҳмадбеков аз варзишгари Гурҷистон Тато Григалашвили мағлуб шуда, муборизаро барои медали биринҷии Чемпионати ҷаҳон идома дод.
Дар ин марҳила Сомон Маҳмадбеков намояндаи Гурҷистон Дмитрий Гочилаидзеро шикаст дод ва мақоми сеюмро касб намуд.
Бояд гуфт, ки ин медали дуюми биринҷии Чемпионати ҷаҳон дар таърихи ҷудои Тоҷикистон мебошад. Аввалин медалро Расул Боқиев дар Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо ҳанӯз соли 2007 дар Бразилия ба даст оварда буд.
ПОДПИСЫВАЕМСЯ НА КАНАЛ:
Не забываем подписаться на канал,
а если понравилось - поставить Лайк
Негізгі бет Ахбори Точикистон Имруз - 21.05.2024 | novosti tajikistana
Пікірлер: 7