Устоди ҳунар, тарроҳи номвар #ХУРШЕД САТТОРОВро дар шафати Наврўзгоҳи пойтахт, дар хонаи муд серташвиш дарёфтем. Ў омодагии рафтан ба маъруфтарин кишвари Аврупо - Фаронса ва зеботарин шаҳри он - Парижро дошт. Ба он ҷо ҳайати қариб чилнафараи аҳли фарҳанги мо барои иштирок дар ҷашни 815-умин солгарди Мавлонои Балхӣ мераванд. Хуршед низ бо силсилаи калони пироҳанҳои миллӣ дар ин ҷашнвора иштирок мекунад.
Хуршед Сатторов ҳанўз охири асри ХХ пеши худ мақсад гузошт, ки ҳунарҳои кам-кам аз ёдҳо фаромўшшудаистодаро эҳё кунад ва бо шакли наву замонавӣ онҳоро пешкаши мардуми тоҷик ва фаротар аз он мардумони дунё гардонад.
Дар муддати 25 сол тавонист чаканро чун бренди тоҷикон ба арсаи ҷаҳон муаррифӣ намояд. Дар бузургтарин кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла дар бинои СММ ва толори ЮНЕСКО чакани моро бо созмон додани базмҳои шўрангези муд пешниҳод кард. Яке аз онҳое, ки барои ба Феҳристи падидаҳои фарҳангии ҷаҳонии ЮНЕСКО шомил шудани чакан саҳми шоиста дорад, Хуршед аст.
Ў дар баробари тарроҳӣ, инчунин ҷаҳонбинии хуҷастае дорад. Дар атрофи Шашмақом, фалак, эстрада, шеър, ҳунарҳои зебо ва чандин риштаҳои дигар суҳбат меорояд.
Як назар ба назокатҳои нақшу нигори чаканҳои офаридааш кофист, ки ўро бишносӣ. Дили равшан ва бузург мебояд, ки чунин гулкору гулосор бошӣ.
Пеш аз сафараш дар иҳотаи садҳо либосҳои хушрангу чашмрабо суҳбате доштем бо ин марди ҳунар.
Негізгі бет ЧАКАНИ ХУРШЕД БА ФАРОНСА РАФТ
Пікірлер: 2