Фариштаи Фурайдон аз зумраи бонувони муваффақ аст, ки ҳам дар ҷодаи санъат ва ҳам дар соҳибкорӣ мавқеи худро касб кардааст. Ин зебосанам соҳиби як духтарчаи нозанин бо номи Меҳрона мебошад. Ҳарчанд аз бахт хушӣ надида бошад ҳам, Фаришта ба оянда назари нек дорад.
Қаҳрамони мо роҳҳои печ дар печи санъатро тай карда, ба қуллаи муваффақият расидааст, вале ба ин иктифо накарда, ба соҳибкорӣ рӯ овард ва кошонаи ҳуснро бо номи “Ангел” дар маҳаллаи Зарафшони пойтахт кушодааст. Фаришта бонуи хушбин буда, зебоиро дӯст медорад . Маҳз ба ҳамин хотир кошонаи ҳусн кушодааст, то дигар занҳои тоҷик низ зебову ороста бошанд
Видеои мазкур бо кӯмаки мардуми Амрико, ки аз тариқи Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ расонида мешавад ва дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи MediaCAMP, ки аз ҷониби Internews бо дастгирии молиявии USAID амалӣ мегардад, омода шудааст, "Оила" барои муҳтавои ин мавод масъул буда, шарт нест, ки он мавқеи USAID ё Ҳукумати ИМА-ро инъикос намояд.
Негізгі бет Аз ғами танҳоӣ Фариштаи Фурайдон соҳибкор шуд!
Пікірлер: 24