Муборизи сатҳи баланд
Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нимаи аввали моҳи майи соли ҷорӣ зимни сафари корӣ ба ноҳияи Данғара бо таъкиди ин нукта, ки ҷавононро мебояд аз ҷиҳати дар фазои амну осудаи ватан сукунат доштан шукргузору созандакор бошанд, гила аз он кард, ки бо вуҷуди тадбирандешии рӯзафзуни мақомот вазъи ҷинояткорӣ дар самти терроризму экстремизм дар вилояти Хатлон ҳамоно ташвишбарангез боқӣ мондааст. Ва 16-уми август бо кушодани бештари масъала дар ҳузури сокинони яке аз сераҳолитарин ноҳияҳои мамлакат - Бохтар ӯ таассуф аз он хӯрд, ки фақат аз ин ҷо 95 кас дар кишварҳои ҷангзадаи хориҷӣ қарор дошта, аллакай 17 ҷавон ба ҳалокат расидааст.
Негізгі бет Аз суханронии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара
Пікірлер