Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Меҳрубон Назаровро дар шаҳри Хоруғ ифтитоҳ намуданд
--------------------------------------------------------------------------------------------
21 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ, дар вазъияти тантанавӣ бинои нави Театри вилоятии мусиқӣ - мазҳакавии ба номи Меҳрубон Назаровро барои 1000 ҷой нишаст ифтитоҳ бахшиданд.
Санги асоси бунёди бинои 3-ошёнаи Театри вилоятӣ соли 2015-ум аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузошта шуда, корҳои сохтмонӣ дар иншооти фарҳангӣ аз соли 2016-ум шурӯъ гардида буд.
Пас аз боздид ва шиносоӣ бо шароиту имкониятҳои бинои нав Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар толори бузурги театр бо аҳли фарҳанг мулоқоти самимӣ доир намуда, барномаи таҳиякардаи санъаткорони вилоятро тамошо карданд.
ПОДПИСЫВАЕМСЯ НА КАНАЛ:
Не забываем подписаться на канал,
а если понравилось - поставить Лайк
Негізгі бет Барномаи бошукуҳи фарҳанги дар театри мусиқию мазҳакавии ба номи Меҳрубон Назарови шаҳри Хоруғ
Пікірлер: 3