Кумитаи меъморӣ ва сохтмони ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 29 майи соли 2024 аз даргузашти муовини раиси ин кумита, Бинокори фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Абдураҳмон Раҳим хабар дод. Марҳум ҳамагӣ 55 сол дошт.
Дар номаи таслияти Кумитаи меъморӣ ва сохтмон дар бораи иллати марги Каримзода чизе гуфта нашудааст. Вале афроди наздик ба хонаводаи марҳум хабар доданд, ки ӯ ахиран барои табобат ба Ҳиндустон рафта буд ва дар ҳамон ҷо даргузашт. Мутаассифона, табибони Ҳиндустон низ натавонистанд ӯро шифо бидиҳанд.
Қарор аст, ҷанозаи Абдураҳмон Каримзода рӯзи панҷшанбе, 30 май бо ҳавопаймо аз Ҳиндустон ба Душанбе оварда шавад ва ба ин сабаб, намози ҷанозаи марҳумро ба рӯзи ҷумъа гузоштаанд. Намози ҷаноза қабл аз намози ҷумъа дар масҷиди Ҳазрати Мавлоно баргузор мешавад.
Негізгі бет БАРОИ ТАБОБАТ БА ҲИНД РАФТА БУД... ДАРГУЗАШТИ МУОВИНИ РАИСИ КУМИТАИ МЕЪМОРӢ ВА СОХТМОН
Пікірлер: 57