Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, ромишгари мумтоз, оҳангсози шинохта, устоди созҳои миллии тоҷик Аҳмадҷон Муҳаммадиев рӯзи 16 майи соли 2024 дар синни 75 аз олам чашм пӯшид. Дар ин бора овозхони шинохта Фурқат Саидзода дар Фейсбук хабар дод. Дар бораи иллати марги овозхону мутриб ва оҳангсози маъруф чизе гуфта нашудааст.
Аҳмадҷон Муҳаммадиев 12 феврали соли 1949 дар деҳаи Дурбати ноҳияи Ҳисор ба дунё омада, соли 1967 омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Душанбе ва соли 1971 риштаи созҳои миллии Донишкадаи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Т.Г.Шевченкоро ихтисоси ғижак хатм кардааст.
Соли 1963, вақте ки ҳамагӣ 14 сол дошт, Аҳмадҷон Муҳаммадиев ҳамчун ғижакнавоз ба Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба кор пазируфта шуда, 4 сол дар ин даргоҳ ҳамчун мутриб ва аз соли 1967 то 1993 ҳамчун овозхон кор кард. Аз 1993 то замони бознишаста шуданаш Аҳмадҷон Муҳаммадиев ба сифати мутриб дар ансамбли «Ҷавонӣ»-и Филармонӣ ҳунарнамоӣ кард.
Фурқат Саидзода менависад, ки Аҳмадҷон Муҳаммадиев пайрав, идомадиҳанда ва муаллифи якчанд таронаҳои иҷрокардаи устоди зиндаёд Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Зафар Нозимов (1940-2010) буд ва дар тӯли фаъолияти пурсамари хеш чандин суруду таронаҳои рангину дилнишинро рӯи тори оҳанг овардааст, ки ҳунармандони маъруфи кишвар Зафар Нозимов, Муродбек Насриддинов, Муқаддас Набиева, Субҳон Саидов, Азиз Ваҳҳобов, Нигина Амонқулова ва дигар ҳунармандон иҷро кардаанд.
Аҳмадҷон Муҳаммадиев ба як қатор кишварҳои хориҷӣ, амсоли Ҳиндустон, Афғонистон, Эрон, Покистон, Ҳолланд, Ҷопон, Белгия, Австрия, Қатар, Амрико сафарҳои ҳунарӣ анҷом дода, барои хидматҳои пурбораш дар тарғибу рушди мусиқӣ бо ифтихорномаҳо ва соли 1999 бо нишони «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва унвони ифтихории Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон сарфароз гардонида шудааст.
Негізгі бет ДАРГУЗАШТИ ОВОЗХОН АҲМАДҶОН МУҲАММАДИЕВ - АЗ ПАЙРАВОНИ САБКИ ЗАФАР НОЗИМ
Пікірлер: 2