Дӯст ҳамон аст..
Дӯст он бошад,ки қадри бурдаи нонат кунад,
Ғамшарике бошаду ҳам чеҳрахандонат кунад.
Дӯст паймоне,ки дод бигзор исботаш кунад,
Қимати номат кунад ҳам қадри паймонат кунад.
Дар парешонҳолиҳои зиндагӣ дӯстат ҳамон,
Лаҳзае,ки ёд аз он рӯҳи парешонат кунад.
Гар бимонди лаҳзае ту бе сарои зиндагӣ,
Дӯст ҳамон аст,ки паноҳи ҳам тану ҷонат кунад.
Дӯст он бошад,ки сӯят мекушояд қалби худ,
Лек ҳифзи ҳар яки он рози пинҳонат кунад.
Дӯст ҳамоне,ки замоне қатраи ҷонаш диҳад,
Таъмири он хонумони қалби вайронат кунад.
Бахтовари Усмон
Негізгі бет Музыка ДУСТ ХАМОН АСТ-ШЕЪРИ БАХТОВАРИ УСМОН 2018
Пікірлер: 27