БА ФАРРУХ ҲАСАНЗОДА
Садои ту садои миллати тоҷик,
Навои ту навои миллати тоҷик.
Баҳои аз ҳама боло насибат гашт,
Баҳои ту баҳои миллати тоҷик.
Хушо, пирӯзии худро зи ҷону дил,
Бубахшидӣ барои миллати тоҷик.
Аз ин рӯ орзу доранд по монанд,
Дигарҳо по ба пои миллати тоҷик.
Ту ҳам дар навбати худ қаҳрамон астӣ,
Ту ҳам як ҷонфидои миллати тоҷик.
Фусун кардӣ тамоми халқи оламро,
Чу кабки хушсарои миллати тоҷик.
"Ба пеш, эй Тоҷикистон!" дар забонат буд,
Шиори Пешвои миллати тоҷик.
Фузун дар осмони санъат ахтарҳо,
Ту моҳи пурҷилои миллати тоҷик.
Забонкӯтоҳ аз пирӯзиат гаштанд,
Ҳама бадхоҳҳои миллати тоҷик.
Ҳамеша сарбапоят резад, эй Фаррух,
Гули бахт аз самои миллати тоҷик.
Танинандоз бодо то ҷаҳон боқист,
Садоят дар фазои миллати тоҷик.
26.11.2023
Негізгі бет ШЕЪР БАХШИДА БА ҒОЛИБИЯТИ ФАРРУХ ҲАСАНЗОДА
Пікірлер: 2