Тоҷикистон макони табиати зебоманзар ва нотакрор буда, аз қадимулайём диққати мардуми ҷаҳонро ба худ ҷалб менамояд. Имрузҳо, дар партави рушди босубот ва бунёди роҳҳо, туризми экологӣ тадриҷан вусъат меёбад. Сайёҳон аз хориҷи дуру наздик барои боздид аз гӯшаҳои табиати нодири ватани мо меоянд.
Мавзеи «Гармчашма» дар ВМКБ яке аз чунин мавзеъҳо мебошад, ки инсон дар ин ҷо натанҳо дар оғӯши табиат роҳат мебарад, балки бо роҳҳои табиӣ муолиҷа гирифта, саломатии худро барқарор месозад.
Ролики мазкур оиди туризми экологӣ ва афзалиятҳои истироҳат ва муолиҷа дар «Гармчашма» нақл менамояд.
Маводи мазкур аз тарафи хатмкунандаи лагери экологии WEC2022 - Мадина Саидшоева омода карда шудааст. Лоиҳа бо дастгирии молиявии Сафорати Амрико дар Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
Негізгі бет Гармчашма - Оби шифо - Целительная вода
Пікірлер: 15