#top #rek #вахш #football #чавонон #news #бароибачахо
ХИЗМАТ БА ВАТАН-МОДАР ҚАРЗИ ИМОНИВУ ВИҶДОНӢ АСТ!
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як суханронӣ чунин изҳор доштанд: “Ман ба ғайрату матонат, далериву шуҷоат ва ҳисси баланди миллии афсарону сарбозони бонангу номуси Ватан бовар дорам ва аз онҳо ифтихор мекунам. Бо итминони комил изҳор медорам, ки афсарону сарбозони шуҷои Қувваҳои Мусаллаҳ ба савганди ҳарбӣ содиқ монда, рисолати фарзандии худро дар назди Ватан, миллат ва давлат ҷавонмардона адо мекунанд”.
Ин гуфтаҳои Сарвари давлат ҳар як ҷавони худогоҳу хештаншинос ва афсарону сарбозони далеру шуҷоъро водор месозад, ки воқеан сазовори боварӣ ва содиқ ба арзишҳои ватандорӣ бошанд. Хушбахтона, чунин ҳам ҳаст ва мо дар ҳар мавсими даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ новобаста аз баъзе мушкилоту печидагиҳо дар раванди ин маъракаи муҳим омилҳои мусбат, аз ҷумла афзоиши теъдоди ихтиёриён ба хидмати ҳарбиро мушоҳида мекунем.
Дар ин замина иддае аз ҷавонон бо хоҳиши худ, бо машварати дӯстону наздикон ва бо тавсияи бузургсолон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ мепайванданд ва худро вориди мактаби обутоби зиндагӣ ва камолоти ҷавонмардӣ месозанд. Теъдоде низ ҳастанд, ки бидуни далел аз хидмати ҳарбӣ саркашӣ мекунанд. Албатта, ин тоифа мунтаҳо дар назди қонун ҷавобгар хоҳанд буд, зеро хизмат ба Ватан - Модар уҳдадории қонунӣ ва қарзи имониву виҷдонӣ аст.
АЛО, ЭЙ ҲАМВАТАН!
Ало, эй ҳамватан шукри замину ин замон фарз аст!
Ки ҷон додан барои марзу буми ин макон фарз аст!
Ватан яктост, модар ҳамрадифи ӯ агар донӣ?!
Ба Яздон саҷда кардан, дар Ватан ҳам бегумон фарз аст!
Дар оғӯши пуранвораш ҳамеша дилҷавон монем,
Ватанро дӯст доштан ҳам ба пиру ҳам ҷавон фарз аст!
Ватан аз баҳри мо ганҷинаи мероси аҷдод аст,
Варо чун гавҳари чашм ҳифз кардан ҳар замон фарз аст!
Чу Рустам чун Сиёвуш беҳтарин гурди Ватан бошем,
Ба душман ҳамла овардан ба тиру бо камон фарз аст!
Ватандорӣ далели будани имону виҷдон аст,
Садоқат дар Ватан, дар асли худ то ҷовидон фарз аст!
Биё, эй ҳамватан таъмири ӯ бо хишти ҷон созем!
Барояш ошиқона ҷон супурдан як ҷаҳон фарз аст!!!
Негізгі бет Гусели Бо Тантанаи Аскарбачахои н.Вахш Ба Хизмати Харби Чумхурии Точикистон 2024 сол.
Пікірлер: 32