Яке бечораву танҳо
Яке лабташна дар саҳро
Яке бе дарду бе парво
Аҷаб дунёст ин дунё
Аҷаб дунёст ин дунё
Яке чун моҳие дар шаст
Яке бе пул яке пул маст
Яке бе по яке бе даст
Аҷаб дунёст ин дунё
Яке бо лаъли хандон аст
Яке бо чашми гирён аст
Яке бо ҷони ларзон аст
Аҷаб дунёст ин дунё
Яке бечораву танҳо
Яке лабташна дар саҳро
Яке бе дарду бе парво
Аҷаб дунёст ин дунё
Аҷаб дунёст ин дунё
Яке ёри вафодор аст
Яке бе раҳму ҷаббор аст
Яке муштоқи дидор аст
Аҷаб дунёст ин дунё
Яке дар қайди зиндон аст
Зи аммолаш пушаймон аст
Дилаш лабрези армон аст
Аҷаб дунёст ин дунё
Яке бечораву танҳо
Яке лабташна дар саҳро
Яке бе дарду бе парво
Аҷаб дунёст ин дунё
Аҷаб дунёст ин дунё
Яке аз бача безор аст
Яке бар нохунаш зор аст
Ба ёди бача бемор аст
Аҷаб дунёст ин дунё
Яке дур аз Ватан бошад
Чу гул аз чаман бошад
Чу ҷони дур зи тан бошад
Аҷаб дунёст ин дунё
Яке бечораву танҳо
Яке лабташна дар саҳро
Яке бе дарду бе парво
Аҷаб дунёст ин дунё
Аҷаб дунёст ин дунё
Яке бе дину имон аст
Ва хизматгори шайтон аст
Пайи озори инсон аст
Аҷаб дунёст ин дунё
Яке аз ишқ девона
Миёни мардум афсона
Яке бе кую бе хона
Аҷаб дунёст ин дунё
Яке бечораву танҳо
Яке лабташна дар саҳро
Яке бе дарду бе парво
Аҷаб дунёст ин дунё
Аҷаб дунёст ин дунё
Яке бечораву танҳо
Яке лабташна дар саҳро
Яке бе дарду бе парво
Аҷаб дунёст ин дунё
Аҷаб дунёст ин дунё
Сотрудничество:
farruh@empireofvideo.ru
Негізгі бет Хасан Хайдар - Ачаб Дуне (гитара) | Khasan Khaydar - Ajab Dune
Пікірлер: 26