Хона-музейи Садриддин Айнӣ яке аз мавзеъҳои таърихии шаҳри Душанбе буда, ҳанӯз соли 1978, бахшида ба 100-солагии адаби бузург ифтитоҳ гардидааст.
Дар осорхона ҷиҳози гуногун, аз ҷумла, дастхатҳои устод, нусхаи мактубҳо, соат, айнак, асо, либос ва ҳатто хомаю рангдони дӯстдоштаи Айниро дидан мумкин аст.
Дарҳои хона-музейи устод Айнӣ дар Душанбе аз рӯзи сешанбе то ҷумъа аз соати 9-и субҳ то 5-и бегоҳ ва рӯзи шанбе то соати 3 барои меҳмонон бозанд.
Ҳифзи хона-музейи Айнӣ на танҳо арҷгузорӣ ба равони адиби бузург, балки арҷгузорӣ ба давраи муҳимми таърихии ташаккули миллат аст. Аз боздиди ин макон бошад, бешак, таассуроти нотакрор мегиред.
Боре дар хона-музейи Айнӣ будаед? Аз ин мавзеъ чӣ хотира доред? Дар шарҳ нависед.
---------
Таблиғ: VISA Gold дар 5 дақиқа. Кортро дар наздиктарин нуқтаи хидматрасонии Душанбе Сити Банк дастрас кунед.
@dushanbecity.tj
Негізгі бет Ойын-сауық Хона-музейи Садриддин Айнӣ чӣ дорад? |
Пікірлер: 12