Эй дил, зи паи олами вайрона машав,
Дар ҳасрати ҳасту нест девона машав.
Шав хонаи ишқу меҳру ихлосу умед,
Бар нафси палиди хештан хона машав.
Дар роҳ чароғи ақли худ рӯшан кун,
Муҳтоҷи чароғи ақли бегона машав.
Роҳе, ки бирафтанд накӯномон, рав,
Вобастаи аъмоли разилона машав.
Бошад нигаҳи гарм нишони сӯзон,
Мафтуни нигоҳи гарми ҷонона машав.
Фарзонаю фозиле агар мебинӣ,
Рав панд бигир, моили афсона машав.
Худ шамъ бишав, ба худ чу парвона бисӯз,
Бар ҳар сари хирасӯз парвона машав.
Фарқ аст миёни сурату сирати хуш,
Бар ҳар чӣ садаф намуд, дурдона машав.
То, ки накашӣ бори гуноҳи дигаре,
Бар доми фиреби дигарон дона машав.
Аз кинаву озору тамаъ дурӣ биҷӯй,
Аз айбу гуноҳи хеш шодона машав.
Хокиву зи хоксорӣ сарболо шав,
Сарпасту ҳақир сарбаландона машав!
Қадриддин Бобоев.
Негізгі бет ЭЙ ДИЛ ЗИ ПАИ ОЛАМИ ВАЙРОНА МАШАВ-УМЕДИ РАХМАТ 2021
Пікірлер: 16