Мавҷигул Ғарибова, як зани 65-сола аз деҳаи Яшми ноҳияи Рашт инак ду рӯз боз паиҳам дар раёсати минтақавии корҳои дохилии водии Рашт дар чорчӯби як парвандаи авбошӣ таҳти бозпурсӣ қарор дорад. Фарҳод Худоёров, писари Мавҷигул Ғарибова рӯзи 13 ноябр ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” гуфт: “Модарамро рӯзи 12 ноябр то бегоҳ бозпурсӣ карда, танҳо баъди расидани шом ба хона ҷавоб доданд. Имрӯз ҳам аз субҳ ба бозпурсӣ рафт ва танҳо баъди соати се ба хона баргашт”, гуфт Фарҳод Худоёров.
Ӯ мегӯяд, нисбат ба модараш ҳам бар асоси қисми сеюми моддаи 237 бо иттиҳоми авбошӣ парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд. Мақомоти милисаи Рашт ин хабарро то ҳол тасдиқ ё рад накардаанд, вале қаблан Самеъбой Фатҳуллоев, муфаттиши парванда тасдиқ карда буд, ки дар пайи яук муноқишаи байни ду авлод дар деҳаи Яшм нисбат ба Ҷунайдулло Худоёров, фарзанди Мавҷигул Ғарибова, бар асоси моддаи 237 парванда оғоз кардаанд ва бозпурсии шоҳидон идома дорад.
Худи Мавҷигул Ғарибова низ дар муроҷиатномаи видеоӣ ба президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, низ мегӯяд, ба зиддаш парванда кушодаанд. Ӯ мегӯяд, “ман як модари ғамзадаам, ки набераи 21солаамро куштанд, вале мақомот ба ҷои ба ҳабс кашидани қотилони Алиризо худи манро “дела” кардаанд.”
Мавҷигул Ғарибова аз Эмомалӣ Раҳмон хостааст, ки шахсан ба қазияи қатли наберааш дахолат кунад, то ҳамаи гунаҳкорон ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Негізгі бет ҚАЗИЯИ "АВБОШӢ"-И ЯК ЗАНИ 65-СОЛА ДАР НОҲИЯИ РАШТ
Пікірлер: 52