#Вахдат #суд #ҷанҷол
Ба Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Ба прокурори генералии Тоҷикистон муҳтарам Юсуф Раҳмон Аҳмадзод
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон!
Ба Шумо ҳамчун кафили сулҳу амнияти сарторсарии мамлакат ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон муроҷиат кардан мехоҳам. Зеро дигар ба ҳалли мунсифона ва беғаразонаи мушкили ба сарам омада бовар надорам. Ба Шумо маълум мекунам, ки падарам Муҳиддинов Тоҷиддин дар шаҳри Ваҳдат, деҳаи Ҷарбошӣ (ҳозира Зарнисор) манзили истиқоматӣ дошт. Ман дар он манзил таваллуд шуда, ба воя расида, оила барпо намудам. Илова бар ин, тӯли ин муддат дар таъмир ва ободонии манзилам саҳми зиёде гузоштам. Моҳи марти соли 1987 вобаста ба тақсимоти манзили мазкур аз ҷониби МБТИ-и шаҳри Ваҳдат се шиносномаи техникӣ ба номи мо се нафар фарзандон - Амриддин, Рустам ва Самандар Муҳиддиновҳо тартиб дода шуд. Тибқи шиносномаҳои техникии ба соҳибмулкон дар соли 1987 додашуда, қитъаи замини ба ман тааалуқдошта 0,22 га, аз Муҳиддинов Рустам 19,85 га ва тибқи қарори ҷамоати деҳоти Раҷаб Исмоилов, ба Муҳиддинов Самандар масоҳати 0,08 га вобаста карда шудааст. Падарамон 9. 02. 2009 вафот кард. Ӯ то вафоташ манзилҳои истиқоматии ба номи мо ҳуҷҷатшударо ба касе васият накарда буд, зеро ҳуқуқи васият кардан ҳам надошт. Гап сари он меравад, ки падарам то рӯзи маргаш дар манзили ба номи ман-Муҳиддинов Амриддин ҳуҷҷатгузорӣ шуда зиндагонӣ мекард. Баъди вафоти падарам соли 2010 бародарам Самандар ва ҷиянам Ҳабибулло нисбати бародарам Рустам бо аризаи даъвогӣ барои бекор кардани қарор, шаҳодатномаи қонунигардонии молу мулк ва сертификати ҳуқуқи истифодабарии замин ба суди шаҳри Ваҳдат муроҷиат карданд. Мутаассифона, бо ҳалномаи суд аз 1-уми октябри соли 2010 даъво қонеъ карда шуд. Гап сари он аст, ки бародарам Муҳиддинов Самандар бо маслиҳати пешакӣ бо котиби ҳамонвақтаи ҷамоати деҳоти ба номи Раҷаб Исмоилов-Қурбонов Ятим, ки ҳамсинфаш аст, аз номи марҳум падармон Муҳиддинов Тоҷиддин забонхати қалбакӣ омода ва ба суд пешниҳод карданд. Судяи вақти суди шаҳри Ваҳдат марҳум Қурбонов К. парвандаро баррасӣ карда, ба манфиати тарафи дигар ҳалнома қабул намуд. Ҳол он ки падарамон марҳум Муҳиддинов Тоҷиддин то замони маргаш ба мо фарзандон дар мавриди заминҳои наздиҳавлигии тааллуқдоштаамон ягон хел забонхат нанавишта ва ё васияте накарда буд. Маълум аст, ки забонхати мазкур баъди вафоти падарамон бо роҳи тақаллуб навишта шудааст. Мутаассифона, судяи марҳум Қурбонов К. ҳуҷҷатҳоеро, ки аз ҷониби як ниҳоди расмии давлатӣ, яъне МБТИ-и шаҳри Ваҳдат ба мо додааст, ба инобат нагирифта, танҳо як забонхатро асос карда, қарору фармонҳои Президенти кишварро дар мавриди авф ва хусусигардонии молу мулк дағалона поймол карда, даъворо қонеъ кард. Ҳолати дигари ғайриқонунии рафтор кардани судяҳои шаҳри Ваҳдат он аст, ки дар ҳалномаи соли 2011 маро ҳамчун шоҳид гузаронидаанд, ки гӯё дар шоҳидии ман падарам марҳум Муҳиддинов Тоҷиддин манзили истиқоматии расман ба номам бударо ба наберааш Муҳиддинов Ҳабибулло васият карда бошад.
Ҳол он ки ҳамон замон ман шахсан дар муҳоҷирати меҳнатӣ, дар Русия, қарор доштам ва ба ҳеҷ ваҷҳ ҳам намегузоштам, ки хонаи ман ба каси дигар васият карда шавад ва шоҳид бошам.
Ҷаноби Олӣ, тибқи забонхат гӯё марҳум падарамон Муҳиддинов Тоҷиддин манзили истиқоматии бо ҳуҷҷат ба ман таалллуқдоштаро ба наберааш Ҳабибулло ва духтараш Қумрӣ васият карда бошад. Мувофиқи хулосаи судӣ-хатшиносӣ, имзои дар забонхат сабтшуда ба падари раҳматиамон тааллуқ надорад. Сарфи назар аз он ки бо дасти падарамон навишта шудани ин ҳуҷҷат тасдиқи худро наёфт, он танҳо як забонхат буда, қувваи юридикӣ надорад. Дар асоси шикояти кассатсионии бародарам Муҳиддинов Рустам ҳалномаи болозикр бекор карда шуд, аммо бо ҳалномаи дигари суди шаҳри Ваҳдат аз 30-юми марти соли 2011 даъвои мазкур дубора қонеъ гардид.
Бо ҳалномаҳои суди шаҳри Ваҳдат аз 1-уми октябри соли 2010 ва аз 30-юми марти соли 2011 даъвои даъвогарон Муҳиддинов Самандар ва Муҳиддинов Ҳабибулло дар ҳоле қонеъ карда шудааст, ки онҳо вобаста ба манзилҳои истиқоматӣ ва қитъаи замини дар истифодаашон қарордошта, ки ҳуқуқҳояшон нисбат ба онҳо маҳдуд гаштааст, ягон ҳуҷҷати ҳуқуқмуайянкунандаи соҳибмулкӣ надоштанд. Яъне, даъвогарон ваколати пешниҳоди чунин даъворо надоранд...
шарҳи бештарро инҷо хонед: farazh.tj/sahifai-asosy/muroj...
Негізгі бет Қисми 2 || Ваҳдат: Кӣ ҳақ аст, раиси суд Камолзода ё соҳибмулк?
Пікірлер: 432