ОИНИ ҶАВОНМАРДӢ
Дар «Ахлоқи Мӯҳсинӣ» омадааст: «Аз фазилати адолат ҳамин нуқта бас, ки шахси одил, маҳбуби ҳамаи мардумон аст».
Ҳиммат баланд дор, ки мардони рӯзгор,
Аз ҳиммати баланд ба ҷое расидаанд.
Ва ҳангоме, ки ин ду калима - «Фазилат ва Ҷавонмардӣ»-ро паҳлуи ҳам гузоштем инсони комиле пеши назар меояд, ки ҳамеша ба дастгирӣ ва пуштибонии мардумон мекӯшад ва дарди ҳамагонро чун дарди худ қабул мекунад.
Ҳар ки фарёдраси рӯзи мусибат хоҳад,
Гӯй: Айёми саломат ба ҷавонмардӣ кӯш.
Ҷавонмарду хушхулқу бахшанда бош,
Чу Ҳақ бар ту пошад, ту бар халқ пош.
Негізгі бет МАНЗАРИ НУР منظره نور MANZARE NUR
Пікірлер: 7