Шохида Каландарова / Мехрзод Суфиев / Кубок Азии по дзюдо на Иссык-Куле / Bishkek Junior Asian Cup 2019
4-6 октябри соли равон дар шаҳри Чолпон-Атаи Ҷумҳурии Қирғизистон Ҷоми Осиё оид ба ҷудо миёни наврасон ва ҷавонон баргузор гардид, ки варзишгарони мо миёни ҷавонон 4 медал ба даст оварданд. Дар мусобиқа миёни ҷавонон 127 варзишгар аз 7 давлат ширкат намуданд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон аз 11 нафар (10 писар, 1 духтар) таркиб ёфта буд, ки ба гирифтани 2 медали тилло ва 2 медали биринҷӣ даст ёфтанд. Медалҳои тиллоро Меҳрзод Сӯфиев дар вазни -60кг миёни писарон ва Шоҳида Қаландарова дар вазни -63кг миёни духтарон сазовор гаштанд. Дар вазни -60кг миёни писарон ду варзишгари дигари мо Сулаймони Ҷамшед ва Шаҳбоз Саидаброров медали биринҷӣ ба гардан овехтанд.
Негізгі бет Медалҳои тиллои ҷудочиёни навраси тоҷик дар Ҷоми Осиё
Пікірлер: 18