Як нафар омӯзгори ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров баъди он ки 15 дақиқа ба дарс дер омад аз ҷониби мақомоти милитсия бозпурсӣ шуд. Ин ҳолат дар доираи як рейди ин ниҳод ошкор гардид. Раёсати корҳои дохилии Суғд аз ин омӯзгор Алиҷон Набиҷонов ном бурдааст, ки аз фанни тарбияи ҷисмонӣ мебоист соати 8:00-и санаи 6-уми сентябр ба дарс оғоз кунад. Аммо бинобар дер омадани омӯзгори фанни тарбияи ҷисмонӣ донишҷӯёни соли аввали факултаи математикаи ДДХ 15 дақиқа ӯро интизор шудаанд. Омӯзгор ба мақомоти милитсия гуфт, ки ин соати нахустини дарсӣ аст. Аммо гурӯҳи ба рейд баромадаи ин ниҳод мегӯяд, ки бояд нақшаи дарс пеш аз дарс таҳия карда шавад.
- 6 жыл бұрын
Милитсия устоди донишгоҳи олиро, ки ба дарс дер омад бозпурсӣ кард
- Рет қаралды 370,484
Пікірлер: 155