Сумая, Осия, Алия ва Аҳмадҷон - волидони чоргоникҳо қасд доранд, фарзандонашро чунин номгузорӣ кунанд. Ин тифлакон ҳафтае қабл дар беморхонаи Истиқлол ба дунё омаданд ва ҳамакнун онҳоро аз ин ҷо ба хона гусел мекунанд. Табибон вазъи саломатии онҳоро хуб арзёбӣ карданд.
Қаноатшо Худоёров, падари чоргоникҳо аз тавлиди фарзандон хело хушҳол аст, ӯ ҳеч умед надошт ки ҳамсараш чоргоник ба дунё меорад. Тифлҳо солиму бардам ба дунё омаданд ва ҳар кадом беш аз 2 кг вазн дорад. Ҳоло тамоми хешу табор барои дидани ин тилакҳо ба хонаи Қаноатшоҳ омаданд.
Аммо ин хонаи зебову барҳаво моли шахсии падари чоргоникҳо нест!Ӯ дар ин манзил иҷора менишинаду ҳармоҳа муаззаф аст 4 ҳазор сомонӣ кироя супорад. Падари чоргоникҳо қабл аз тавлиди кудакон дар сохтмон кор мекард, аммо баъди тавлиди навзодҳо як ҳафта аст ки бекор аст ва нигаронӣ аз он дорад, ки акнун бо бузург шудани тифлҳо мушкилаш меафзояд.
Тавре худаш мегӯяд ҳоло пайдо кардани коре, ки ҳам иҷораву хароҷоти хона ва ҳам ғизову эҳтиёҷоти кудаконро таъмин кунад, ёфтан мушкил аст.
Гулзира Мирзобекова, модари чоргоникҳоро ҳам ҳамин фикр ба ташвиш овардааст. Ӯ мегуяд бисёр хуб мешуд агар ҳади ақал дар пойтахт барояшон як манзили якҳуҷрагӣ ҷудо мекарданд. Ин кори хайр мушкили онҳоро чандин маротиб осонтар мекард.
Дар Тоҷикистон тавлиди чоргоник ва ё зиёда аз он камназир аст. Одатан ҳукумати кишвар дар чанд соли ахир барои волидоне, ки чоргоник ё бештар ин тифл ба дунё овардаанд, хонаи истиқоматӣ ё кумакҳои пулӣ кардааст. мерасонад. Ҳамчунин барои волидоне, ки фарзанди тавлид кардаашон аҳолии кишварро ба миллион мерасонад ҳамин гуна кумакҳо пешбинӣ кардаанд.
Подписывайтесь на наш канал, и посетите наш:
Веб-сайт: asiaplustj.info
Facebook: / asiaplustj
Instagram: / asiaplustj
#таджикистан #asiaplus
Негізгі бет Спорт Чоргоникҳо мехоҳанд хона дар Душанбе дошта бошанд
Пікірлер: 176