Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти корхонаи истеҳсоли ҷӯробҳои ҶДММ «Ваҳдат» дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе оғози расмӣ бахшиданд
--------------------------------------------------------------------------
15 январ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ба фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ваҳдат», ки ба истеҳсоли ҷӯроб машғул аст, оғози расмӣ бахшиданд.
Корхонаи ҷӯроббофӣ дар асоси дастуру супоришҳои бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббуси соҳибкори ватанӣ Илҳом Мирзоев бунёд гардида, мақсад аз таъсис додани он то ҳадди ниҳоӣ коркард намудани ашёи хоми маҳаллӣ, бо шуғли доимӣ таъмин кардани аҳолӣ ва тақвият бахшидани иқтидори содиротии мамлакату мусоидат ба ҳадафи чоруми стратегӣ - саноатикунонии босуръати кишвар арзёбӣ мегардад.
Зимни шиносоӣ бо фаъолияти корхона ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки иқтидори истеҳсолии корхона 19 миллиону 200 ҳазор ҷӯроб дар як сол буда, маҳсулоти он ҷавобгӯ ба талаботи бозори дохиливу хориҷӣ аз рӯи стандартҳои пазируфташудаи ҷаҳонӣ истеҳсол карда мешавад.
khovar.tj/2020...
ПОДПИСЫВАЕМСЯ НА КАНАЛ:
★ Telegram: bit.ly/2vheVeX
★ WhatsApp: bit.ly/2K9HghP
★ WebSite: bit.ly/2OmVA3m
#Tajikistan #Dushanbe #AkhboriTojikiston
Негізгі бет Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти корхонаи истеҳсоли ҷӯробҳои ҶДММ «Ваҳдат» дар ноҳияи...
Пікірлер: 12