6 уми апрел раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба аёдати фарзандони ҳофизи зиндаёд Дамирбек Олимов рафтааст. Рафтани шахси аввали вилоят ба хонадони Дамирбек Олимов барои волидону пайвандонаш ташрифи ғайриинтизор буд. Зеро аз марги ин ситораи тобноки санъат ду моҳ сипарӣ шуда буд ва хонаводаи ӯ интизор надоштанд, ки бо гузашти беш аз 60 рӯз раиси вилоят ба остонаи онҳо қадам ранҷа мекунад.
Ба иттилои масъулини хадамоти матуботи раиси вилоят дар доираи сафари корияш дар ноҳияи Деваштич ба хабаргирии хонаводаи ҳунарманди ҷавонмарг Дамирбек Олимов рафтааст.
Роҳбарияти вилоят дар суҳбат бо падари ҳунарманди шодравон Ботур Олимов аз хидматҳои Дамирбек Олимов дар рушди санъати тоҷик ситоиш карда, даргузашти марҳумро, ки ҳамагӣ 33 сол дошт, талафоте барои фарҳангу ҳунар арзёбӣ кардааст.
Дамирбек Олимов, ҳунарманди пуровоза шаби 5-уми феврали имсол, ҳангоме, ки аз як маҳфил бармегашт, дар шоҳроҳи Сомғор-Хуҷанд бар асари як садамаи нақлиётӣ ба ҳалокат расид.
Марги ӯро ҳаводоронаш талафоти бузург на танҳо ба санъати вилояти Суғд, балки талафоти калоне дар санъати тоҷик медонанд. Дамирбекро дар вилояти Суғд чун санъакори маънисаро низ мешиносанд ва мегӯянд, ки ӯ дар интихоби шеъру тарона бисёр маънишинос буд.
Дамирбек Олимов соли 1989 дар шаҳраки Ғончии ноҳияи Деваштич ба дунё омада, фориғуттаҳсили Коллеҷи санъати ба номи Содирхон Ҳофиз буд. Ӯ дорои истеъдоди фитрӣ буд ва дар мусиқии поп ва классикӣ таронаҳои зиёде сурудааст. Ҳунарманд моҳи феврали ҳамин сол бар асари садамаи нақлиётӣ аз олам гузашт. Ӯ дар оила ягони писар буд, ки баъди солҳои интизорӣ волидонаш ӯро соҳиб шуда буданд. Вале риштаи умри ҷавонаш дар 33 солагӣ канда шуд ва 3 писараи ташнаи меҳри падарро ятим монданд.
Негізгі бет РАҶАББОЙ АҲМАДЗОДА БА ТАЪЗИЯИ ДАМИРБЕК ОЛИМОВ РАФТ
Пікірлер: 66