Дар шаҳри Конибодом дар соли 2021 як қатор бунгоҳҳои тиббӣ, варзишгоҳу муассисаҳои таълимӣ, синфхонаҳои иловагӣ, марказҳои хизматрасонӣ ва дигар иншооти ҳаётан муҳим сохта ба истифода дода шуданд. Баҳри расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии босуръати кишвар дар «Солҳои рушди саноат» барои солҳои 2022-2026 дар ин шаҳр ба истифода додани 11 корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ ба нақша гирифта шудааст, ки ин туҳфаи хубе хоҳад буд барои бошандагони шаҳр дар ҷашни 35 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- 2 жыл бұрын
Раванди бунёдкориҳо дар шаҳри Конибодом
- Рет қаралды 3,072
Пікірлер: 3