Сабти нодире аз дастаи ҳунарии кӯдаконаи тарона ва рақси «Помир» ки дар соли 1940 бо роҳбарии Артисти халқии СССР Ғуломҳайдар Ғуломалиев дар ноҳияи Рӯшони ВМКБ ба фаъолият шурӯъ кард. Дастаи ҳунарии кӯдаконаи «Помир» ба ҳунари воло ва беҳамтояш на танҳо ба дили ҳазорҳо алоқамндон дар ватан ҷо гирифт, балки ба маротиб бештар аз ин дар хориҷ аз кишвар низ мухлисонашро пайдо намуд. Дар даҳаи адабиёт ва санъати Тоҷик дар соли 1941 дар шаҳри Маскав иштирок намуда, аз ҷониби мутахассисону фарҳангшиносон ва тамошобинон баҳои баланд гирифт.
Негізгі бет Сабти нодир аз ансамбли кудаконаи «Помир» соли 1941
Пікірлер: 18