Умед Гуреззода, раиси ноҳияи Фирдавсӣ рӯзи 14 феврали соли 2024 дар нишасти хабариаш гуфт, тибқи Нақшаи генералии рушди пойтахти Тоҷикистон, ё ба истилоҳ Генплан, бозорҳои “Саховат”, “Панҷшер” ва “Ганҷина”, ки дар паҳлуи ҳам дар ҳудуди ноҳияи Фирдавсӣ дар канораҳои ҷанубии шаҳри Душанбе ҷойгир шудаанд, хароб карда мешаванд.
Умед Гуреззода гуфт: “Масъалаи тахриби ин бозорҳо ду сол пеш, замоне ки ман муовини раиси шаҳри Душанбе будам, дар яке аз ҷаласаҳои ҳукумати шаҳр бо иштироки раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ бардошта шуда буд. Тибқи нақшаи генералии шаҳри Душанбе дар оянда бозорҳои “Саховат”, “Панҷшер” ва “Ганҷина” бояд ба дигар ҷой кӯчонида шаванд”.
Умед Гуреззода дар бораи мушаххасан кай оғоз шудани тахриби ин бозорҳо чизе нагуфт, вале гуфт, ки бозорнишинҳои “Саховат”, “Панҷшер” ва “Ганҷина” ба маркази савдои муосир кӯчонда хоҳанд шуд. Ӯ дар бораи ин ки ин маркази савдои нав дар куҷо ва аз ҷониби кӣ сохта мешавад?, маълумот надод, вале гуфт, ки ин маркази нав бояд мисли бозори “Меҳргон” сохта шавад.
Раиси ноҳияи Фирдавсӣ гуфт, дар мавриди ин ки ба ҷои бозорҳои “Саховат”, “Панҷшер” ва “Ганҷина” чӣ сохта мешавад?, ҳанӯз тасмими ниҳоӣ гирифта нашудааст.
"Агар имкониятҳои молиявӣ имкон диҳанд, ба ҷои он парки инноватсионӣ бунёд мешавад. Дар акси ҳол, идомаи боғи ба номи Фирдавсӣ хоҳад буд”, - гуфтааст Умед Гуреззода.
Раиси ноҳия ҳамчунин хабар дод, ки ҳамроҳ бо бозорҳо маҳаллаи аҳолинишине, ки дар паси “Саховат”, “Панҷшер” ва “Ганҷина” ҷойгир шудааст, низ хароб карда мешавад.
Негізгі бет СЕ БОЗОРИ “САХОВАТ”, “ПАНҶШЕР” ВА “ГАНҶИНА” ТИБҚИ ГЕНПЛАН ВАЙРОН КАРДА МЕШАВАНД
Пікірлер: 7