Субхон Саидов / Субҳони Саид
Саро по оҳи сузонам Худоё,
Парешонам парешонам Худоё,
Дар ин меҳнат саробу ғуссаву ғам,
Ба даргоҳи ту нолонам Худоё.
Намонда адлу инсофе ба мардум,
Зи мардум ман гурезонам Худоё.
Шудам нодору мондам зери таъна,
Чи созам ман, ки инсонам Худоё.
Ҳақиқат ҷустаму аз пой фитодам,
Туро ман зери фармонам Худоё.
Ту ҳасти сохиби ҳақ, рох бинмо,
Fуломат ман, ту султонам Худоё.
Саро по оҳи сузонам Худоё,
Парешонам парешонам Худоё. / hisorishodmon
Негізгі бет Субхони Саид - Саро по охи сузонам Худоё
Пікірлер: 103