Муассис ва бунёдгари Муассисаи таълимии байналмилалии “Контакт”-и шаҳри Исфара Исроилҷон Улмасов, ки бо шарофати амалҳои густурдаи созандаю бунёдкорона, хайрандешона ва накӯкориҳояш байни мардум соҳибэҳтирому соҳибэътибор гардидааст, боз як иқдоми хушояндро дар самти ҳавасмандсозии насли наврас ба омӯзиши илмҳои замона амалӣ сохт.
Ахиран дар пайгирӣ аз иқдомоти созандаю бунёдкорона ва маорифпарварваронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббуси ин нафари хайрандеш ба ғолибони олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ дар ин боргоҳи маърифат ба маблағи аз 10 то 27 ҳазор сомонӣ грантҳо пардохт карда мешаванд.
Негізгі бет Такдими грантхои КОНТАКТ
Пікірлер