2 октябр дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Фархори вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ориёни деҳоти Фархор Коргоҳи истеҳсолиро ба истифода доданд.
Дар ҳамин ҷо Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо 43 нафар ятими кулл аз ноҳияҳои Фархор ва Шамсиддини Шоҳин мулоқот намуда, ба онҳо туҳфаҳо тақдим карданд.
Туҳфаҳои Сарвари давлат аз кумакпулӣ, сару либос ва ғайра иборат буд. Ҳамчунин дар ин рӯз ба хотири шодию нишоти ятимон хони пурнозу неъмати идона ороста шуд.
Дар оғози суҳбат Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кӯдакону наврасони бо амри тақдир ятиммондаро ба муносибати ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, ба онҳо сиҳативу саодатмандӣ ва хониши хубу аъло таманно карданд.
Негізгі бет Такдими тухфахои Президент ба 43 ятим пас аз ифтитохи коргохи истехсоли дар Фархор
Пікірлер: 4