Гирди хони тоҷикона ҷамъ омадану лаҳзае ғубори дил шустанро тоҷикони шаҳри Ню-йорк як соли охир пазмон гашта буданд. Зеро паҳншавии коронавирус дар қатори дигар муассисаҳо ба баста шудани дари тарабхонаву ошхонаҳои тоҷикӣ низ сабаб гардид. Акнун ки ҳукуматдорон ба хизматрасонӣ дар дохили тарабхонаҳо дубора иҷозат додаанд, тоҷикони ин шаҳр анъанаи деринаи баҳамоиро идома медиҳанд.
“Тандурии Фотеҳ” (Foteh's Tandoori) дар Ню-йорк ягона ошхонаи тоҷикӣ нест. Теъдоди ин гуна муассисаҳои хизматрасонӣ, ки аз ҷониби тоҷикон боз шудаанд, сол то сол зиед мешавад. Аммо “Тандурии Фотеҳ” бо вуҷуди афзудани рақобат тавонистааст, ки то кунун муштариёни доимии худро нигоҳ дорад.
Муштариёни ин ошхона хизматрасонии хубу лаззати хоси таомҳояшро омили аслии муваффақияти он медонанд. “Тандурӣ” ном гирифтани ошхона низ бесабаб нест. Самбӯсаву нон ва чанде аз таомҳои миллиро сарошпази ошхона Фотеҳ дар ду танури бузурге омода мекунад, ки бо фармоиши махсус сохта шудаанд.
Тавсифи самбӯсаву кулчаҳои танурии ин ошхонаро дар Бруклини Ню-Йорк аз забони аксар зодагони Иттиҳоди Шӯравии собиқ шунидан мумкин аст. “Тандурии Фотеҳ”-ро натанҳо тоҷикон, балки намояндагони дигар халқу миллатҳо низ дӯст медоранд. Пас аз бозкушоии ошхона дар пайи коронавирус муштоқони таомҳои тоҷикӣ дубора сӯйи макони писандидаашон - “Тандурии Фотеҳ” мешитобанд.
Бо зиёд шудани теъдоди тоҷикони муқими Ню-Йорк шумораи марказҳои хизматрасонии тоҷикон низ меафзояд. Ҳоло ҳамватанони мо кӯшиш мекунанд, ки дар Амрико тиҷорати худро роҳандозӣ карда, ба ин восита аз имтиёзу озодиҳои мавҷуда дар бахши соҳибкорӣ низ истифода намоянд. Ин имконият медиҳад, ки ҷамъияти тоҷикон дар ин кишвар рушд кунад. Зеро табодули таҷрибаву малака дар байни тоҷикон боис ба он мешавад, ки теъдоди соҳибкорони тоҷики муқими Амрико тадриҷан бештар гардад.
Негізгі бет "Тандурии Фотеҳ" (Foteh's Tandoori) - ошхонаи дӯстдоштаи тоҷикони Ню-Йорк
Пікірлер: 3