#qamarahror Роҳи мошингарди Хуҷанд - Ашт ҳудуди 100 километр дарозӣ дорад. Вале солҳо ба ин тараф дуруст таъмир нашудааст аз оғоз то ба анҷоми роҳ пур аз чуқуриҳост.
Сокинону ронандагон ин роҳи нақлиётгузарро роҳи аз ҳама валангору харобтарини вилояти Суғд арзёбӣ карда мегуянд, ки то ин замон ҳангоми убури он борҳо ба мушкилиҳо дучор шудаанд.
Ҳоло барои бо муми гарм таъмир шудани роҳ, сокинон аз ҷумла соҳибкорону саховатмандони деҳоти Ашт маблағ ҷамъ намудаанд. Сокинон дар умум барои таъмири босифати роҳ ба ҷамъоварии беш аз 1, 6 миллион сомонӣ саҳм гузоштаанд.
Аз ҳукумати ноҳияи Ашт гуфтанд, ки таъмири роҳ то моҳи сентябри соли ҷорӣ пурра ба иҷро расонида хоҳад шуд.
Негізгі бет ЧУҚУРИҲОИ РОҲИ АШТРО АСФАЛТПУШ МЕКУНАНД
Пікірлер: 12