Cуруду таронаҳои сунъатии тоҷик
ҲУСЕЙН НАСРИДДИНОВ
Ҳусейн Насриддинов (10 декабри 1929, деҳаи Элокии ноҳияи Ҳисор, ҶШС Тоҷикистон - 30 ноябри 2016, деҳаи Элокии ноҳияи Шаҳринав, Тоҷикистон) - сарояндаи машҳури даврони шӯравии тоҷик, Ҳофизи Халқии ҶШС Тоҷикистон (1963). Овозаш тенори лерикӣ.
Зиндагинома
Ҳусейн Насриддинов 10 декабри соли 1929 дар деҳаи Элокии ноҳияи Ҳисор ба дунё омадааст. Ҳунари сарояндагиро аз падараш Насриддин Ғафуров омӯхтааст. Омӯзишгоҳи педагогии райони Орҷоникидзеобод дар соли 1953 ва Институти давлатии педагогии шаҳри Душанберо дар соли 1971 хатм кардааст. Ҳангоми таҳсил дар дастаи ҳаваскорони санъати мӯзишгоҳ ҳунарнамоӣ мекард. Иштирокдор ва барандаи ҷоизаи азназаргузаронии ҷумҳуриявии ҳаваскорони ҳунар (соли 1952, шаҳри Душанбе). Аз соли 1954 иштирокдори дастаи ҳунарии ноҳияи Ҳисор.
Аз Википедиа
Негізгі бет Музыка ҲУСЕЙН НАСРИДДИНОВ
Пікірлер: 4