Футболбози ҷавони тоҷик Камол Ғафуров ҳанӯз 17-сола буд, ки барои такмили маҳорати худ ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сафар кард. Бо гузашти 5 сол аз он замон ӯ тавонист, ки ба дастаҳои футболи ин кишвар роҳ ёфта, худро ҳамчун варзишгари бомаҳорат муаррифӣ намояд. Акнун роҳи ӯ ба дастаҳои футболи умумиамрикоӣ боз шуд. Шурӯъ аз тобистони соли ҷорӣ Камол бозиро дар дастаи “Мэпл Брук”-и штати Миннесота оғоз мекунад. Камол Ғафуров дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баробари футболбозӣ масъулияти тамрини футболбозони наврасро низ бар дӯш дорад. Ӯ ба рушди футбол дар Тоҷикистон баҳои баланд дода, майдонҳои Душанберо сарчашмаи муҳаббати худ ба футбол меҳисобад.
- 4 жыл бұрын
ҶАВОНИ ТОҶИК ДАР ДАСТАҲОИ ФУТБОЛИ АМРИКОӢ
- Рет қаралды 641
Пікірлер: 3