Субхон Саидов / Субҳони Саид
Мо нақши аҷаб дар сари паймона ниҳодем
Дар боғи шумо дилбаракам, лона ниҳодем
Хар гаҳ, ки назар барфикани бар тарафи мо
Са баҳри фидо, бар дари ин хона ниходем
Вақто ки ҷамоли рухи дилдор бидидем
Аз бахти баланди хеш шукрона ниҳодем
Аз баҳри хамон зулфи сияҳу гули руят
Пайваста ба ҳам ойинаву шона ниҳодем
Озурда агар гарди аз ин марҳамати мо
Бахшо гуноҳи мо, ки мастона ниҳодем
Мирзо ба хайёли қади дилҷуйи ту шайдо
Мо сар ба раҳи дилбари ягдона ниҳодем / hisorishodmon
Негізгі бет Субхони Саид - Накши ачаб
Пікірлер: 56